Иқтибосҳо

Шумо наметавонед баргашта оғози худро тағйир диҳед, аммо шумо ҳоло оғоз карда, марраатонро тағйир дода метавонед
©Рой Ҷонс
Марзҳо? Ман якеро надидаам. Аммо шунидам, ки онҳо дар шуури баъзе одамон вуҷуд доранд
©Тур Хейердал
Одамоне, ки ба чизе ноил нашудаанд, шуморо бовар мекунонанд, ки шумо низ муваффақ нахоҳед шуд
©В. Смит
Агар шумо «чаро»-и қавӣ дошта бошед, пас шумо ҳама гуна «чӣ хел» -ро паси сар карда метавонед.
©Фридрих Нитше
Тағйирот- даҳшатнок аст. Аммо касе зиндагии шуморо ба ҷои шумо тағйир намедиҳад. Шумо дарк мекунед, ки чӣ интихоб бояд кард аммо бо вуҷуди тарсу ҳарос шумо ба пеш ҳаракат мекунед - ин қоидаи асосии муваффақият аст.
©Пауло Коэлхо
Дар оғози ҳама гуна тиҷорат, шумо маҷбур мешавед, корҳое ба анҷом расонед ки ба шумо писанд нест ва агар шумо аз ӯҳдааш набароед, пас муваффақ намешавед. Мутаассифона, бисёр одамони боистеъдод аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд.
©Аркадий Добкин
Ҳадафҳои калон гузоред, то ин ки ба онҳо расидан осон гардад
©Фридрих Шиллер
Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки он пули зиёд оварада, метавонад. Ман танҳо омӯзиши нармафзорро дӯст медоштам ва ман омода будам, ки соатҳои дарозро дар он сарф намоям.
©Билл Гейтс
Муваффақият дар тиҷорат омӯзиш, интизом ва меҳнати зиёдро талаб менамояд. Аммо агар ин шуморо ба тарсу ҳарос наорад, имкониятҳои имрӯза аз пештара бузургтар хоҳанд буд.
©Дэвид Рокфеллер
Ба даст овардани муваффақият бидуни заҳмати зиёд ба мисли гирифтани ҳосил дар замини бекишт аст.
©Давид Блай
Маҳз дар лаҳзаҳои тасмим гирифтан, шумо тақдири худро тағйир медиҳед.
©Тони Роббинс
Тиҷорат мисли бозии шоҳмот аст, шуморо мебояд ки якчанд қадам пеш-ро фикр намоед. Аксарияти мардум ин корро намекунанд.
©Тед Тернер
Қоидаи 6 "П" –пайгирӣ намо: Банақшагирии дурустӣ пешакӣ амалҳои номувофиқро пешгирӣ менамояд
©Брайан Трейси
Дар ҳоле, ки шумо оиди хатар фикр мекунед, касе хатарро ба дӯш гирифта, муваффақ мешавад.
©Роберт Кийосаки
Дар сохтани оянда чизе ба орзуҳои нек баробар шуда наметавонад.
©Виктор Ҳюго
Зиндагӣ кӯтоҳ аст. Аз имрӯз, диққати худро ба тағйир додани он равона намоед.
©Муаллифи номаълум
"Шумо аллакай ҳама чизи заруриро барои муваффақият доред. Ин ""Ҳама чиз"" худи шумост."
©Муаллифи номаълум
Шумо ҳеҷ гоҳ нахоҳед донист, ки ба чӣ қодир ҳастед, то даме ки кӯшиш накунед
©Муаллифи номаълум
Лаҳзаи мувофиқро интизор нашавед - лаҳзаро ба даст гирифта,онро қулай созед.
©Муаллифи номаълум
Агар ба назаратон чунин намояд, ки вақти тағйир додани чизе расидааст, пас ин ба назаратон наменамояд
©Муаллифи номаълум
Имрӯз шумо бояд коре анҷом диҳед, ки муддати дароз ба он қодир набудед.
©Муаллифи номаълум
Ғалабаи бузургтарин ин ғалаба бар андешаи манфии хеш мебошад.
©Муаллифи номаълум
"Одами заиф мегӯяд: тақдир набудаст, Шахси қавӣ мегӯяд: Ман боз кӯшиш мекунам, аммо танҳо қавитарин мегӯяд: Ман кӯшиш мекунам, то даме ки ҳама чиз тавре ки ман мехоҳам, нашавад."
©Муаллифи номаълум
Ҳеҷ чиз ба орзуи шумо набояд таъсир расонад
©Муаллифи номаълум
На ҳама чиз тавре мешавад, ки мо тасмим мегирем, балки вақте ки мо тасмим мегирем
©Муаллифи номаълум
© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд