"Усулҳои муосири пешбурди тиҷорат" барои соҳибкорон.

  • 20.05.2021

Image Description

Рӯзи 19 май корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" дар доираи лоиҳаи "Заминаҳои таъсис ва идоракунии тиҷорат" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги серӯза дар мавзӯи "Усулҳои муосири пешбурди тиҷорат барои соҳибкорон"-ро оғоз намуд.

 Омӯзиш аз санаи 19 то 21 майи соли 2021 дар Маркази тиҷоратии "Созидание" дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. 

 Ҳангоми омӯзиш масъалаҳои мубрам, ба монанди: 

  •  Усули гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ; 
  •  Идоракунии лоиҳа дар соҳаи тиҷорат; 
  •  Эҷоди бренди шахсии шумо, чаро ин муҳим аст ва чӣ гуна аз он маблағ ба даст овардан мумкин аст; 
  •  Иҷрои дурусти нақшаҳои тиҷоратӣ / лоиҳаҳои сармоягузорӣ. 

 

 Ҳадафи ин тренингҳо баланд бардоштани малакаи ҳам бахши хусусӣ ва ҳам хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи тиҷорат мебошад. 

 КВД "Тоҷинвест" дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди соҳибкорӣ саҳми назаррас гузошта, дар ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ кӯмак мерасонад. КВД "Тоҷинвест" барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ тавассути рушди фазои соҳибкорӣ саъй менамояд. 

Омӯзиши серӯза дар доираи лоиҳаи муштараки КВД "Тоҷинвест" ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба «Заминаҳои таъсис ва идоракунии тиҷорат» сурат мегирад, ки дар доираи он тренерон ба курсҳои оянда омода шуда, дар навбати худ дониши худро ба соҳибкорони хусусӣ таълим медиҳанд. Курсҳо дар тамоми соҳаҳои идоракунии корпоративӣ ва инчунин методикаи муосири таълим пешниҳод карда мешаванд.  Мо тавонистем ба ин лоиҳа мактаби пешрафтаи тиҷорат дар қаламрави собиқ ИҶШС - Пажӯҳишгоҳи байналмилалии менеҷментро (MIM-Киев) ҷалб намоем.  Ҳамин тариқ, на танҳо ба сифати курсҳо кафолат дода мешавад, балки инчунин ба хатмкунандагони муваффақ шаҳодатномаҳои сатҳи байналмилалӣ тақдим мегарданд. 

 Лоиҳа кори "Маркази таълимӣ барои соҳибкорони Тоҷикистон"-ро дар назди КВД "Тоҷинвест" оғоз дода, пайваста барои соҳибкорон курсҳои такмили ихтисос ва рақобатпазирии худро пешниҳод менамояд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд