Moody's аз соли 2018 инҷониб бори нахуст дурнамои рейтинги қарзии Тоҷикистонро устувор хонд

  • 02.07.2021

Image Description

Агентии байналмилалии рейтингии Moody's Investors Service (Moody's) бори нахуст аз давраи соли 2018 дурнамои рейтинги байналмилалии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи (ҳолати) “манфӣ” ба дараҷаи “устувор” тағйир дод ва ба кишварамон рейтинги қарзии “B3”-ро бо дурнамои “устувор” сазовор донист.

Барои тағйир додани дурнамои рейтинг аз дараҷаи “манфӣ” ба “устувор” пешравии Тоҷикистон дар самти устувор намудани мавқеаш аз рӯи пардохтҳои беруна тайи соли охир асос ба шумор меравад, ки ин ба андозаи назаррас зиёд шудани захираҳои асъориро дар натиҷаи афзудани самаранокии идорасозии захираҳои байналмилалӣ бозгӯ менамояд. Дар натиҷа эҳтимолияти фишори зиёди хавфҳои берунии афзоянда ба профили қарзии Тоҷикистон низ камтар гардид.

Агентии Moody's бар ин назар аст, ки ҳаҷми ин захираҳо дар сатҳи ҷорӣ боқӣ монда, барои саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои дарпешистода аз рӯи пардохтҳои беруна кофӣ мебошад. Вобаста ба ин устувории кишвар дар баробари аксар фишорҳои беруна ва инчунин пардохтпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки ҳолати саросарии шоковори пандемияи коронавирус ҳамкории мутақобили Тоҷикистонро бо шарикони рушд суръат бахшида, ба такмили минбаъдаи асосҳои сиёсӣ ва ангезаи ислоҳот дар кишвар мусоидат менамояд

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд