Матбуот, маркетинг,таблиғот ва хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ

ҶСП Телекомм технолоджи

ҶСП “Телекомм Технолоджи” яке аз бузургтарин операторҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 1994 дар бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ фаъолият намуда истодааст. Ширкати мазкур бастаи хизматрасониҳои баландсифати телекоммуникатсионии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳониро бо истифода аз технологияҳои пешқадам пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, ҶСП “Телекомм Технолоджи” таҳвилгари асосии хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ба мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои бузурги бонкию тиҷоратӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

ҶСП "ТТ мобайл"

ҶСП “ТТ мобайл” аз 3 сентябри соли 2001 фаъолияти худро шурӯъ кардааст. Аллакай санаи 5 октябри ҳамон сол пас аз як моҳи бақайдгирӣ хизматрасониҳои худро дар соҳаи алоқаи мобилии стандарти GSM дар ҳудуди 900/1800 Мгс ба роҳ мондааст. ҶСП “ТТ мобайл” ширкати муштараки Тоҷикистону Русия буда, бо мусоидати фаъоли Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Саҳҳомони ҷамъияти мазкур Оператор – ҶСК “Тоҷиктелеком” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Оператори аввалини умумирусиягии алоқаи мобилӣ – ҶС “Мегафон” (Федератсияи Русия) ба ҳисоб мераванд. Ширкати мазкур айни замон хизматрасониҳоро дар соҳаи идораи телематикӣ ва интиқоли иттилоот (аз ҷумла, IP телефон) пешниҳод менамояд.

Dadabaev Group

Имкониятҳои мо: - хизматрасониҳои BTL (Ташкили чорабиниҳо аз А то Я) - Promo - Digital (Google, Яндекс, гурӯҳи Mail.ru) - SMM - хизматрасонии нашриётӣ - Истеҳсолот - Рекламаи беруна - ТВ, радио,

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд