Вохурии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон-IBC – и Санкт-Петербург

  • 20.04.2021

Image Description

Санаи 16 апрели соли 2021 Директори генералии КВД «Тоҷинвест» Хуршед Мирзо дар рафти баргузории Вохурии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербург бо Роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон-IBC – и Санкт-Петербург, Руслан Марк Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расонид.

Вохӯрии мазкур, дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар формати B2B баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ифтитоҳ намуда, вобаста ба ҳамкориҳои густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия суханронӣ намуд.

Баъди анҷоми қисмати расмии чорабинӣ вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорон дар формати В2В идома ёфта, дар ин қисмат иштирокчиён дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоот IT ҷиҳати роҳандозӣ ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти молу маҳсулот гуфтушунид намуданд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд