Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 26.01.2021
  • Дида шуд 1

Image Description

Дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода мешавад. Самти фаъолияти агентии мазкурро мустаҳкамгардонии ҳукумати рақамӣ, бахусус рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад. 

Ҳукумати электронӣ – ин дастаи технологияҳо ва маҷмӯи чораҳои иловагии ташкилотӣ ва дастгирии меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои ташкили муносибатҳои мутақобилаи рақамӣ байни шохаҳои гуногуни мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандон, ташкилотҳо ва дигар субъектони иқтисодӣ ба шумор меравад. Ба ин васила усули пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, инчунин хизматрасонии давлатӣ ба шаҳрвандон, субъектони фаъолияти тиҷоратӣ, шохаҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ самарабахш ба роҳ монда, муносибатҳои мутақобилаи шахсии байни давлат ва дархосткунанда коҳиш меёбанд ва имкониятҳое, ки технологияҳои иттилоотиро тавассути технологияҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ пешбинӣ менамоянд, васеъ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ҳукумати электронӣ ба инфрасохтори (инфрасохтори ҳукумати электронӣ) тақсимшудаи иттилоотӣ-коммуникатсионие асоснок гардидааст, ки он дар миқёси давлат паҳн шудааст. Ҳастаи онро низоми мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва низоми автоматикунонии идоракунии давлатӣ, ки ба автоматикунонии маҷмӯи равандҳо дар миқёси кишвар асос ёфтааст, ташкил медиҳад ва он барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва коҳиш додани хароҷоти коммуникатсияи иҷтимоӣ барои ҳар як аъзои ҷамъият равона гардидааст. Барномаҳои миллӣ оид ба таъсиси ҳукумати электронӣ бунёди даврагии низоми паҳншудаи идоракунии ҷамъиятии умумиҷумҳуриявиро пешбинӣ менамоянд, ки маҷмӯи вазифаҳои бо идоракунии ҳуҷҷатҳо ва равандҳои коркарди онҳо алоқамандро ҳаллу фасл менамоянд.

Ҳукумати электронӣ як ҷузъи чорабини ислоҳоти маъмурӣ ва табаддулоти рақамии ғояҳои муқарраршудаи иқтисодиёти электрониву рақамӣ маҳсуб меёбад. 

“Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд” - Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ

Агентии мазкур бо мақсади мустаҳкамгардонии заминаҳои институтсионалии иқтисодиёти рақамӣ ва рушди инфрасохтори иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар саросари кишвар таъсис дода мешавад.

“Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд” – қайд намуд, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  

Ҳамчунин, Роҳбари кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуд, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо афв гузаронида шавад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки вобаста ба татбиқи пешниҳоди мазкур санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул намояд.

“Инчунин, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад” – таъкид карданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари кишвар бахши хусусиро ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушди босуботи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, барои рушди соҳаи мазкур супоришҳои дахлдор доданд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд