УСУЛҲОИ МУОСИРИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ (КАДРӢ)” МАСТЕР-КЛАСС БО ЭРГАШЕВА ФАРИЗА МАМАДИЕВНА

  • 02.06.2022

Image Description

            Санаи 31 майи соли 2022 дар толори «Маркази омӯзиши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» дар  назди Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» оғози қисмати аввали мастер-класс бо дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ; Мутахассиси пешбар оид ба «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Риторика», «Идоракунии лоиҳаҳо» Эргашева Фариза Мамадиевна  гузаронида шуд. Мастер-класс-и мазкур санаҳои 31  ва 01 июни соли 2022 дар «Маркази омӯзиши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

  Ҳадафи баргузории мастер-класс баланд бардоштани малакаи кормандони бахши хусусӣ дар соҳаи «Идоракунии захираҳои инсонӣ» мебошад.    

Модулҳои курсҳои омӯзишӣ натанҳо савияи дониши мутахассисонро баланд мебардорад, балки ба онҳо имконият медиҳад, ки дар оянда мутахассисони баландихтисос гардида, дар соҳаи «Идоракунии захираҳои инсонӣ» (кадрӣ) кору фаъолият намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар Мастер-класси мазкур намояндагони бахши хусусӣ фаъолона иштирок намудаанд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд