«Интурмаркет-2020». Дар ин Намоишгоҳи байналмилалӣ захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

  • 27.02.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Аз 12 то 14 марти соли 2020 дар маҷмааи «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия Кумитаи рушди сайёҳӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро бо иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ зери шиори «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ» дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2020» муаррифӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Намоишгоҳи «Интурмаркет-2020» дар майдони 2800 метри мураббаъ бо иштироки 1430 ширкати сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Дар баробари баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2020» дар шаҳри Москва 13 март дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии аъзои ИДМ, Конгресси байналмилалии сайёҳии ИДМ+Ҷаҳон 2020 доир мегардад. Дар он густариши масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор мешавад.

Ин аст, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон пайваста зиёд мегардад.


© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд