8 идеяи фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бидуни маблағгузории калон

  • 18.06.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Шумо соҳиби касбу ҳунар мебошед, аммо дар муассисаҳои расмӣ кор ёфта наметавонед? Мехоҳед тиҷорати худро кушоед, аммо маблағи кам доред. Пас, мо барои шумо 8 намуди фаъолияти соҳибкориро омода кардаем, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагиатон кӯмак мерасонанд.


Таҳвили хӯроки нисфирӯзӣ ба идораҳо

Омода намудан ва расонидани хӯроки нисфирӯзӣ ба идораҳо дар он зоҳир мешавад, ки хӯрокҳои бомазза дар хона тайёр шуда, бевосита ба мизоҷони идораҳо расонида мешавад. Чунин намуди хизматрасонӣ барои фармоишгарон як навъи хизматрасонии хӯроки тезпаз мебошад. Барои амалӣ намудани хизматрасонӣ оид ба расонидани хӯрокҳои тайёр ба мизоҷон ба шумо ҳадди ақал сармояи аввалия дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ба ғайр аз ин, даромад аз хизматрасонии таҳвили хӯроки нисфирӯзӣ аз он иборат аст, ки он метавонад фармоишҳои зиёдро дар бар гирад, яъне шумо натанҳо фармоишҳои инфиродӣ, балки фармоишҳои ташкилотҳоро низ амалӣ менамоед.


Фурӯши попкорн ва нӯшокиҳои газдор

Агар шумо тиҷорати худро бо сармояи камтарин ва даромади хуб ба роҳ мондан хоҳед, пас ба фурӯши попкорн диққат диҳед. Танҳо ду қошуқи калон “ашёи хом” ба шумо маҳсулоти тайёрро баробар ба як бонкаи ҳаҷмаш як литр медиҳад. Даромад аз попкорн ба ҳисоби миёна ба 500-600% баробар аст. Ҳамзамон, маблағгузории аввалия ҳам кам аст - шумо метавонед як дастгоҳи истеҳсоли попкорнро бо арзиши 1,5-2000 сомонӣ харидорӣ намоед. Дар рӯзҳои гарм бошад, нӯшокиҳои газдорро низ ба фурӯш мегузоред. Барои амалӣ намудани ин намуди тиҷорат ба шумо танҳо як дастгоҳ ва каме маҳсулот лозим асту халос.


Ҷорӯбҳо барои ҳаммомҳо

Фурӯши ҷорӯбҳо барои ҳаммомҳо яке аз навъҳои тиҷорати оддӣ маҳсуб меёбад. Дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар шумораи ҳаммомҳо ва саунаҳо зиёд шуда истодаанд. Бинобар ин, шумо бидуни мушкилӣ метавонед, ки чунин намуди фаъолиятро ба роҳ монед. Ҷорӯбҳоро метавон мустақилона дар фасли тобистон ҳангоме ки дарахтҳо сабз мешаванд ва вақти ғундории ҳосил фаро мерасад, ҷамъоварӣ намоед. Аз ҳама зарур он аст, ки барои ҳаммомҳо бояд, ки намудҳои фоидаовари дарахтҳо интихоб карда шаванд. Фурӯши ҷорӯбҳоро бошад, мумкин аст тамоми сол ба роҳ монда шавад. Дар баробари ҷорӯбҳо шумо метавонед, ки фурӯши ҳар гуна гиёҳҳо ва чойҳои шифобахшро низ пеш баред. Бо ин роҳ даромад зиёд мешавад. Барои дастрасии ҷорӯбҳо метавон натанҳо ба ҳаммомҳо, балки ба марказҳои солимгардонӣ, истироҳатию фароғатӣ ва санаторияҳо муроҷиат намуд. Ҳамчунин, шумо метавонед маҳсулоти мазкурро дар бозорҳо ҳам фурӯшед. Даромаднокӣ ба 100-150% баробар аст.


Харид ва таҳвили маҳсулотҳо

Барои амалигардонии ин намуди фаъолият ба шумо мошини шахсӣ лозим аст. Шумо маҳсулотҳои муайянро харидорӣ намуда, ба хонаи фармоишгар бурда мерасонед. Чунин намуди хизматрасониҳо талаботи аҳолӣ, аз ҷумла, модарҳои ҷавон ва калонсолон, ки имконияти ба мағоза рафтанро надоранд, қонеъ менамояд. Ҳамчунин, гурӯҳи дигар бошад, аз кор дер меоянд ва имкони ба бозор рафтанро надоранд. Маҳсулотҳоро харида ба онҳо арзиши иловагӣ зам менамоед ё пардохти ягонаро барои таҳвил муқаррар менамоед. Арзиши таҳвилро вобаста ба масофаи мағоза ва шумораи маҳсулотҳо муайян кардан мумкин аст.


Боғчаи кӯдакона дар хона

Агар таҷрибаи нигоҳубини кӯдаконро дошта бошед, пас ба роҳ мондани фаъолият оид ба ташкили боғча дар хона бисёр мувофиқ аст. Ин намуди фаъолият бо назардошти норасоии ҷойҳои холӣ дар боғчаҳо ба шумо даромади хуб медиҳад. Аҳолӣ бештар ба боғчаҳои кӯдаконаи хусусӣ рӯй овардааст, ки сабаби асосии онро норасоии боғчаҳои давлатӣ ташкил медиҳад. Дар ин ҳолатҳо волидайн ноилоҷ нафареро ҷустуҷӯ менамояд, ки фарзандашро таҳти нигоҳубини ӯ гузорад.


Дӯкони пухтупазӣ

Дӯкони пухтупазӣ ё қаннодӣ барои нафароне, ки ҳар гуна маҳсулотҳои қаннодии болаззат, аз ҷумла булкаҳо, кулчақандҳо, самбӯса ва ғайраҳоро мепазанд, яке аз самтҳои даромаднок ба шумор меравад. Маблағгузорӣ ба ин намуди фаъолият хурд буда, шумо тибқи талабот метавонед ҳар рӯз маҳсулотҳои омоданамудаи худро фурӯшед. Дар ҳолати тағйир ёфтани хоҳиши мизоҷон ба маҳсулотҳои қаннодӣ шумо номгӯи маҳсулотҳои худро дигар намуда, тибқи тамоюлу фармоишҳо ба роҳ мегузоред. Дӯкони пухтупазӣ ё қаннодии худро метавонед дар шароити хона ба роҳ монед. Дар сурати зиёд шудани мизоҷон бошад, зуд биноеро ба иҷора мегиред.


Мағозаи комиссионӣ

Тиҷорати даромаднок бидуни маблағгузории калон мебошад. Дар аввал сафарҳоро ба ноҳияҳои истиқоматӣ ташкил намуда, бо арзиши на он қадар калон либос, пойафзол, асбобу анҷоми истифодашударо барои хона харидорӣ менамоед. Баъдан маркази фурӯшро ба иҷора гирифта, маҳсулотҳоро бо арзиши иловашуда мефурӯшед. Дар шароити мо шумо ҳамеша харидорони худро пайдо мекунед.


Хизматрасониҳои таълимию омӯзгорӣ

Агар шумо дорои касбу ҳунаре ҳастед, аз ҷумла забондонӣ, донистани фанҳои таълимӣ, пас дар вақтҳои холигӣ касбу ҳунари худро ба хоҳишманд таълим диҳед. Айни замон устодони забонҳои хориҷӣ талаб карда мешаванд. Ҳамчунин, дар бозори меҳнат талабот ба устодони соҳаҳои дӯзандагӣ, пухтупазӣ, таъмири техникаҳо ва ғайраҳо низ зиёд аст. Шумо танҳо дархости худро дар интернет ҷойгир намуда, занги мизоҷонро интизор мешавед, яъне барои ҷустуҷӯи фармоишгарон кӯшиши вақти зиёдро сарф намекунед.

Ман­баъ: www.time.tj

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд