Дар Хуҷанд дар доираи Ярмаркаи VII «Суғд-2020» Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ баргузор мешавад

  • 16.03.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

10-11 июл дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд–шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдои «Суғд — 2020» баргузор мегардад. Дар ярмаркаи мазкур иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиё ва Аврупо дар назар аст. Ҳамчунин, дар он соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат менамоянд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ҳадафи баргузории ярмаркаи мазкур- ин дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманди соҳибкорони ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз давлатҳои хориҷии дуру наздик ва ҷалби сармоягузорию воридоти технологияҳои муосир ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар доираи ярмаркаи VII байналмилалии савдои «Суғд — 2020» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ, озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», инчунин муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона», вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, инчунин ба имзорасонии шартномаҳо дар назар аст.

Ярмаркаи мазкур дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфта, танҳо соли гузашта дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдои «Суғд—2019» 45 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар кори намоишгоҳ ғайр аз соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии беш аз понздаҳ давлати хориҷиву ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ иштирок намуданд. Ин шаҳодати он аст, ки сатҳи ин намоишгоҳ сол аз сол баландтар мешавад.

Ман­баъ: www.khovar.tj 

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд