Мулоқоти Директори иҷроияи КВД “Тоҷинвест” бо Директори генералии UZINFOCOM

  • 26.02.2021
  • Дида шуд 1

Image Description

Санаи 23 феврали соли 2021 дар рафти сафари ҳайати намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Директори иҷроия КВД “Тоҷинвест”- Ҷавоҳирлал Музаффарӣ бо Директори генералии UZINFOCOM – Интегратори ягона оид ба ташкил ва мусоидат дар низоми технологияҳои иттилоотии давлатӣ - Эмил Гимранов мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва мубодилаи таҷриба дар ин самт иброз намуданд.

Дар рафти мулоқот зикр гардид, ки UZINFOCOM ширкати ягонаи давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, дар амалӣ намудани лоиҳаҳои технологияҳои рақамӣ аз қабили “Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ” (my.gov.uz), “Портали виртуалии қабули Президент” (pm.gov.uz), “Е-Парламент”, “Е-Тандурустӣ”, “Онлайн поликлиника” ва ғайраҳоро дар самти рақамикунонӣ мувафақона ба роҳ мондааст.

Дар анҷоми мулоқот, Директори иҷроия КВД “Тоҷинвест”- Ҷавоҳирлал Музаффарӣ роҳбарияти “UZINFOCOM”- ро барои боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо ба шаҳри Душанбе даъват намуд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд