Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид

  • 01.03.2021
  • Дида шуд 1

Image Description

25 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯрои машваратӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷаласаро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуда, нахуст тибқи рӯзнома аъзои нави Шӯроро муаррифӣ кард.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имконияти нави баланд бардоштани иқтидори соҳа ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки солҳои охир бо мақсади тақвият бахшидани рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар дар ин самт корҳои назаррас амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  дар низоми «Равзанаи ягона» — и мақомоти андоз содаву ройгон ба роҳ монда шуд, ки ба боз ҳам осон ва камхарҷ шудани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши шумораи соҳибкорон ва дар маҷмӯъ фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Низомҳои «Равзанаи ягона» ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии аволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд, ки ба раванди фаъолияти соҳибкорӣ сабукӣ овард.

Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои ҷаласаи XX  Шӯрои машваратӣ гузориш дод. Тавре зикр гардид, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иншооти сайёҳӣ, мехмонхонаҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ якчанд  имтиёҳо, аз ҷумла дар шакли таътили пардохтҳои андозӣ, пардохт накардани маблағи иҷораи моликияти давлатӣ, фазои қарзҳои бонкӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва дигар сабукиҳо фароҳам оварда шуд.

Саъдӣ Қодирзода таъкид намуд, ки бо мақсади такмили хизматрасониҳои давлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии давлатӣ» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо истифода аз имконияти васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад. Аз ҷониби Агентии омор 31 намуд ҳисоботи оморӣ пурра ба низоми электронӣ ворид карда шуда, хусусан дар соҳаи саноат раванди ҷамъоварии 3 намуди шаклҳои ҳисоботи оморӣ аз соҳибкорон бо усули электронӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Инчунин вобаста ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринакдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ»; пурра фаъол шудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва тарнзитӣ» аз 1 сентябри соли 2020; таҳлили рейтинги миллии фазои сармоягузорӣ; тасдиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 оид ба Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Барномаи муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиб дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, яъне стандартҳои байналмилалии Global G.AP; маълумот дода шуд.

Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили ваъзи соҳаи саноат ва муайян намудани имконияти нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа маълумот дод.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – Ян Питер Олтерс, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон – Сезин Синаноғлу, узви Шӯро, роҳбари ҶСК «Комбинати шири Кӯлоб» — Бозоралӣ Одина, узви Шӯро, роҳбари ҶДММ «Корвони Аср» — Ҳасан Абдулло ва дигарон андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа маълумот дода, масъалаҳои рушди тиҷорати электронӣ, таҳлили соҳаи содирот ва ташкили низоми миллӣ дар ин самт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.

Дар анҷом Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода масъалаҳои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани суръати афзоиш ва васеъгардонии истеҳсолоти саноатӣ, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, истифодаи самараноки бартарияти минтақавии соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридод, азнавтаҷҳизонии истеҳсолоти амалкунанда, содироти маҳсулоти ниҳоӣ. масъалаҳои Кодекси андоз дар таҳрири нав ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, низоми идоракунии корпоративӣ ва дигар масъалаҳоро зикр намуд.

Сарвазири мамлакат ҳамзамон роҷеъ ба тадбирҳои баланд бардоштани масъулияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, тақкими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо ибрози назар намуд.

Зимни ҷамъбасти ҷаласа вобаста ба нуқтаҳои зикргардида ба вазорату идора ва масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо дода шуданд.

 

Манбаъ: www.khovar.tj

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд