Вилояти Суғд содироти молҳоро аз ҳисоби истеҳсоли меваҳои хушк, тару тоза ва пахта афзоиш медиҳад

  • 26.04.2021

Image Description

Дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши тиҷорати хориҷии вилояти Суғд 479,2 миллион долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,3 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иқтисодии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд.

Дар семоҳаи аввали соли равон вилояти Суғд бо 41 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 8 кишвари ИДМ робитаҳои тиҷоратии хориҷӣ дошт.

Дар давраи ҳисоботӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 71,2% ё 341,4 миллион доллар ва бо кишварҳои хориҷии дур 28,8% ё 137,8 миллион долларро ташкил намуд.

Содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2021 134,7 миллион долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,9% зиёдтар аст. Ин асосан ба афзоиши содироти меваҳои хушк — 46,8%, меваҳои тару тоза — 2,7 маротиба, ресмони пахтагӣ — 1,7 маротиба, сурма ва маҳсулоти он — 2,5 баробар, нахи пахта — 1,4% вобаста аст.

Шарикони асосии содиротии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии вилояти Суғд як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон — 54,8%, Белгия — 12,8%, Чин — 7,4%, Ӯзбекистон — 6,7%, Туркия — 6,4%, Россия — 3,2%, Гурҷистон — 2,0%, Италия — 1,9%, Қирғизистон — 1,1%, Хорватия — 1,0% мебошанд.

Дар айни ҳол дар семоҳаи аввали соли 2021 корхонаҳои саноатӣ, ба шумули соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 4 миллиарду 368,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 127,8% -ро ташкил намуд.

Аз 197 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда моҳҳои январ-марти соли 2021 истеҳсоли 119 номгӯй зиёд карда шуд.

Дар айни замон аз 657 корхонаи ҳисоботдиҳандаи саноатӣ дар моҳҳои январ-марти соли равон 317 корхона нисбат ба соли гузашта сатҳи истеҳсолотро зиёд карданд.


Манбаъ: www.khovar.tj

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд