Соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон, Италия ва Белгия афзоиш ёфт

  • 19.02.2021
  • Дида шуд 1

Image Description

Соли гузашта Тоҷикистон бо 108 кишвари ҷаҳон тиҷорат анҷом дод, ки дар натиҷа 75 номгӯи маҳсулотҳо ба хориҷи кишвар содир карда шуд. Аз ҳаҷми умумии содирот 22% ё 288,6 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя ва 78% ё 1023,3 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти молҳо инҳоянд: ба Туркия - 15,5%, Қазоқистон - 11,6%, Афғонистон - 5,3%, Ӯзбекистон - 6,3%, Чин - 2,6%, Русия - 3,1%, Белгия - 2,4% ва Италия - 1,2%.

Тавре муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО гуфт, дар содироти маҳсулоти ватанӣ канданиҳои фоиданок ва консентратҳо 12,1% ё 158,3 миллион доллар, нахи пахта - 10, 4%, ё 136 миллион доллар, семент - 4,6%, ё 59,7 миллион доллар, калобаи пахтагӣ - 2,8%, ё 36 миллион доллар, меваю сабзавот - 1,5%, ё 19,5 миллион доллар, афшураҳо ва шарбатҳо - 0,5 %, ё 6 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Соли гузашта нисбат ба соли 2019 содироти молҳо ба Ӯзбекистон 89,7 миллион доллар, ба Туркия - 30,8 миллион доллар, ба Чин - 21,1 миллион доллар, ба Эрон - 8,8 миллион доллар, ба Русия - 3,3 миллион доллар, ба Қазоқистон - 66,2 миллион доллар, содироти мол ба Афғонистон 30 миллион доллар, Белгия - 11,2 миллион доллар, Италия - 4,4 миллион доллар ва Покистон - 3,8 миллион доллар афзоиш ёфт.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд