ПУРСИШНОМА ОИД БА МУАЙЯН НАМУДАНИ МУШКИЛОТИ САМТИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

  • 21.10.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Ин пурсишнома аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон барои гузаронидани пурсиши намояндагони бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд барои таҳлили Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва таҳияи лоиҳаи Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия шудааст.
Мақсадҳои гузаронидани пурсиш:  

  • Муайян намудани мушкилотҳои соҳибкорон;
  • Tаъсири Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар рушди соҳибкорӣ ва беҳбудии фазои сохибкорию     сармоягузорӣ;
  • Камбудиҳои ҷойдошта дар татбиќи Барнома;
  • Ҷамъоварии пешниҳодҳои мушаххаси соҳибкорону коршиносон ҷиҳати беҳсозии фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар доираи таҳияи лоиҳаи Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030

Хоҳишмандем ба корманди мо дар пур кардани саволномаи мазкур ба таври саҳеҳ мусоидат намоед.
Барои гирифтани пурсишнома  аз ҳамин пайванд истифода  кунед:  Гузариш ба пурсишнома 


Барои ширкат дар пурсиш масъулин бар ҳар як иштирокчӣ изҳори миннатдорӣ менамоем!

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд