РОҲИ ОСОН БА АВРУПО. 6 ширкати содиркунандаи ватанӣ дар низоми REX ба қайд гирифта шуданд

  • 22.12.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Агентӣ оид ба содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо шаҳодатномаи бақайдгирии истеҳсолкунандагони ватаниро дар низоми REX (Registered Exporter System - Низоми содиркунандаи бақайдгирифта) ба даст овард. Директори агентии мазкур - Шавкат Бобозода дар маросими тақдими сертификатҳои REX ба намояндагони ширкатҳо қайд намуд, ки ин дастоварди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар мебошад.

"Тоҷикистон бо он мефахрад, ки дар чунин вазъияти ногувор ба мо муяссар гардид, ки сертификатҳои низоми болозикрро ба даст оварда, барои ворид гардидани 6 ширкати ватанӣ ба бозорҳои аврупоӣ шароити мусоидро фароҳам орем. Умедворем, ки дигар ширкатҳои ватанӣ низ ба ин низом ҳамроҳ мешаванд" - қайд намуд Шавкат Бобозода.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур масъули муваққатии корҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон - Петра Гашпарова низ иштирок намуд.

Сертификатҳои REX-ро 6 ширкати зерини ватанӣ ба даст оварданд: СП «Ҷавонӣ», ҶДММ «Меваю Сабзавот», ҶДММ «Ваҳдат Текстил», «Органик Ярн», «Аввалин» ва «Абрикос & Компания». 

Тоҷикистон тӯли чандин сол кӯшиш ба харҷ медод, то ин ки ба низоми мазкур ҳамроҳ шавад. Аз ин хотир, санаи 27 августи соли 2020 Агентӣ оид ба содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъули гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо муқаррар карда шуд.

"Дар натиҷаи тадбирҳои қабулгардида, санаи 1 декабри соли 2020 ба Тоҷикистон шаҳодатномаи ҳамроҳшавӣ ба реҷаи содиротӣ дода шуд" - зикр намуд, Шавкат Бобозода. Агентӣ оид ба содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки низоми REX равандҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро барои амалиётҳои содиротӣ осон намуда, заминаҳои дастрасиро ба низоми умумии афзалиятҳо (GSP) таъмин менамояд. Шавкат Бобозода иброз медорад, ки танҳо содиркунандагони дар низоми REX бақайдгирифта ҳуқуқ доранд, ки “Изҳорот оид ба асли баромад”-ро ба ҳизбҳои содиротие, ки барои Иттиҳоди Аврупо муқаррар шудаанд, пешниҳод намоянд. Дар доираи низоми REX ҳамаи маҳсулотҳое, ки ба Аврупо ворид мешаванд, то 10% тахфифро ба даст меоранд ва ширкатҳои бақайдгирифта ҳар як маротибае, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият медароранд, эҳтиёҷ ба гирифтани сертификатҳоро надоранд. Агентӣ ширкатро танҳо як маротиба ба сифати оператори давлатӣ дар низоми мазкур ба қайд мегирад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки андозҳо паст, равандҳои тиҷоратӣ осон ва вақти содиркунандагон сарфа гарданд.

 “Ширкатҳо пас аз қабули рақам қаблан дар низоми мазкур оид ба маҳсулотҳо маълумоти пурраро ворид менамоянд. Пас аз баста шудани созишнома ширкатҳо метавонанд маҳсулотҳои худро бидуни ягон монеа ба Аврупо ворид намоянд” – гуфт, директори агентӣ оид ба содироти Тоҷикстон 

 Ба гуфтаи ӯ, танҳо содиркунандагоне, ки дар низоми REX ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд то “Изҳорот оид ба асли баромад”-ро барои ҳизбҳои содиротӣ, ки барои Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудаанд, пешниҳод намоянд. Қобили тазаккур аст, ки Аврупо яке аз бозорҳои асосӣ барои фурӯши маҳсулотҳои ватанӣ маҳсуб меёбад.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд