Тоҷикистон хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳамлу нақли сарҳадиро вобаста ба таҳдиди коронавирус қатъ намуд

  • 06.04.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Бо мақсади пешгирии хуруҷи  бемории сироятии коронавирус дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба қатъ намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва махкам кардани сарҳадҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои ҳамсоя қабул гардид.

 Котиби матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова чунин хабар дод: “Тамоми хатсайрҳои байналмилалӣ шурӯъ аз нимашаби 20 март махкам карда мешаванд. Ҳамаи парвозҳо ва фурудоиҳо қатъ мегарданд. Қобили зикр аст, ки фурудгоҳ бо калид қулф карда намешавад, чунки он объекти стратегӣ маҳсуб меёбад”.

Бино ба маълумоти қаблӣ тамоми хатсайрҳои байналмилалӣ то санаи 1 май бекор карда мешаванд.

Хабар дода шуд, ки амалигардонии хатсайрҳои ҳавоии дохилӣ ба 3 самт: Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Хоруғ тибқи ҷадвал ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин, бо мақсади устуворгардонии вазъияти эпидемиологӣ минтақаҳои байнисарҳадӣ бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон то санаи 23 ва 24 март баста мешаванд. Аз ин хотир, тамоми намуди ҳамлу нақли шаҳрвандон ба истиснои ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муваққатан қатъ мегарданд.


© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд