Баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон

  • 20.09.2021

Image Description

16 сентябри соли 2021

меҳменхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”


Дар доираи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумурии Тоҷикистон ва иштироки ӯ дар саммити сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай санаи 16 сентябри соли 2021 дар меҳменхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Имрон Хон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон бургузор карда шуд.

Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои саноат, маориф, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн рушд ёфта, дар ин замина зимни сафарҳои сатҳи олӣ пайваста ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Қайд карда шуд, ки дар соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба
25,8 млн. доллари амрикоӣ расид, ки 54,1 фоизи гардиши тарафайни мол дар соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат  як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Инчунин, дар доираи Форум Шӯрои муштараки соҳибкории  Тоҷикистону Покистон ва вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.

Иштирочиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд. Тарафҳо ба ифоқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.


© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд