Вохурии Сафир бо Президенти Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Туркия

  • 02.02.2022

Image Description

Санаи 1 феврали соли 2022 дар Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Туркия (KOSGEB) вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти KOSGEB Ҳасан Басри Курт баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, алалхусус ташкили Фонди муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Туркия барои маблағгузории лоиҳаҳои ширкатҳои хурду миёнаи ду кишвар дар Тоҷикистон, ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21 декабри соли 2022) бинобар саҳми бузурги соҳаи саноат дар рушди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати таъмини иҷроиши ҳадафҳои стратегии миллӣ, бахусус раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.

Ҷониби туркӣ, қайд намуд, ки дар шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон соҳибкорони хурду миёна муҳарики асосӣ ҷиҳати эътидол нигоҳ доштан ва рушди иқтисодиёт кишварҳо ба ҳисоб рафта, барои дастгирии ҳаматарафаи иқдомҳои бахши хусусии ду кишвар баргузор гардидани вохуриҳои маҷозӣ дар соҳаи саноати сабук ва аз натиҷаи онҳо сафарбар намудани коршиносони вазорату идораҳо ва ҳайатҳои тиҷоратии Туркия ба Тоҷикистон муҳим арзёби мегардад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи Ёддошти тафҳоуми оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KOSGEB, ки дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо шудааст, Нақшаи амал таҳия менамоянд ва корбариро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ тақвият мебахшанд.



Манбаъ: сомонаи www.mfa.tj

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд