Тиҷорати Тоҷикистон бар зидди пандемия: кӯмак мерасонем ва вазъияти осоиштаро нигоҳ медорем
- 18.06.2020
- Дида шуд
Дар ҳоле, ки бисёр корхонаҳои кишвар бинобар оқибатҳои пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва чораҳои маҳдудкунанда дар Тоҷикистон ба мушкилотҳо дучор мешаванд, даҳҳо ширкатҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба самти нав - истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ, либосҳои махсус, маҳлулҳои антисептикӣ ва дигар маҳсулотҳои муҳофизатӣ равона карданд.
Ин ҳолат аз як тараф ба кишвар дар рафъи норасоии воситаҳои муҳофизатӣ кӯмак мекунад ва аз тарафи дигар ба корхонаҳо имкон медиҳад, ки дар давраи душвор фаъолияти худро пеш баранд.
Ниқобҳои "Дар Тоҷикистон омодашуда"
Тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ сокинони кишвар ба пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ шурӯъ карданд. Дар натиҷа талабот ба ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, инчунин манъи воридоти воситаҳои муҳофизатӣ аз ҷониби кишварҳои воридкунанда ба норасоии ниқобҳо ва антисептикҳо дар дорухонаҳо ва болоравии арзиши онҳо оварда расониданд.
Пас аз қайди ҳолатҳои бо бемории коронавирус алоқаманд дар кишвар, зарурати ба таври оммавӣ ба даст овардани воситаҳои махсуси муҳофизатӣ ба миён омад. Дар ин давраи душвор, бисёр корхонаҳои ҷумҳурӣ тасмим гирифтанд, ки ба рафъи камбудиҳои мазкур ба кишвар кӯмак мерасонанд ва ба ин васила қатъ гардидани фаъолияти худро пешгирӣ менамоянд.
Имрӯз ниқобҳои тиббии маҳаллиро дар ҳама гуна дорухонаҳои кишвар харидан мумкин аст. Зиёда аз даҳ корхонаи калон ва хурди дӯзандагӣ дар Тоҷикистон комилан ба истеҳсоли ниқобҳо гузаштанд, чунки ниқобҳои аз хориҷа воридгашта аллакай аввали моҳи март ба фурӯш рафтанд. Аз ин хотир, талабот ба ниқобҳои дохилӣ зиёд шуд. Айни замон як қатор корхонаҳои Тоҷикистон ҳамарӯза дорухонаҳои кишварро тақрибан бо 100 ҳазор ниқобҳои тиббӣ таъмин менамоянд.
Яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони ниқоб ширкати "Фарм Текс" маҳсуб меёбад, ки дар вилояти Хатлон ҷойгир аст. Дар аввали моҳи апрел, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ширкати мазкур ташриф оварда, самтҳои рушдро дар ин самт муқаррар кард. Дар ҷараёни боздид Расулзода ба роҳбарияти ИП дастур дод, ки истеҳсоли ниқобҳоро густариш диҳанд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшударо беҳтар намоянд. Вай қайд кард, ки ин ҳолат барои пешгирии сирояти коронавирус зарур аст. Ба сарвазир иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо "Фарм Текс" ҳар рӯз беш аз 25,000 ниқобро истеҳсол мекунад. Директори иҷроияи ИП - Муборакшо Катаев, иброз кард, ки ширкат барои зиёд кардани шумораи маҳсулот ва тавсеаи иқтидори истеҳсолӣ то 40 ҳазор ниқоб дар як рӯз, дорои имкониятҳои зарурӣ мебошад.
Ширкати "Фарм Текс" дар Хатлон
Дар баробари ширкати "Фарм Текс" ширкати "Фарм Суғд" низ нақши муҳим дорад. Истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои дӯзандагии "Тоҷтекс" ба истеҳсоли ниқобҳо машғул аст. Дар корхонаи мазкур 200 нафар корманд кору фаъолият менамоянд. Дар айни замон, ширкат ҳар рӯз 10 ҳазор ниқобҳои тиббиро истеҳсол мекунад, ки ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ мебошанд.
ҶДММ «Нассоҷии Тоҷик» ва ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» либосҳои тиббӣ, рӯйпӯшҳо ва кӯрпаҳо аз матоъҳои пахтагин истеҳсол мекунанд. ҶСК «Гулистон Душанбе» ба дӯхтани либосҳои махсуси тиббӣ оғоз кард. ҶДММ «Сифат Саноат» бошад халтаҳои тиббиро истеҳсол мекунад.
Корхонаҳои "Тоҷиктекстил" ва "Гулистон Душанбе" пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилиҳоро паси сар карданд. Корхонаи "Тоҷиктекстил"дар як моҳ беш аз 40 ҳазор ниқоб ва якчанд ҳазор либоси махсуси муҳофизатиро истеҳсол мекунад.
Корхонаи "Гулистон Душанбе" 170 нафар кормандони худро баргардонд. Имрӯз ширкат зиёда аз 60 ҳазор ниқоб ва зиёда аз 22 ҳазор либоси махсуси муҳофизатиро истеҳсол кардааст.
Бо мақсади таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳооии кишвар ҶДММ "Фармекс" истеҳсоли дока ва гигиенаи шахсӣ ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи дӯзандагии "Ёқут-2000" ба истеҳсоли либосҳои махсус ва низомӣ машғул аст. Дар вазъияти сирояти коронавирус барои зиёда аз 300 корманди худ ниқобҳои тиббиро истеҳсол кард. Корхонаи мазкур чунин хабар дод: «Чанде пеш аз Вазорати мудофиа барои дӯхтани 40 ҳазор ниқоб фармоиш гирифтем. Мо маҳсулотро аз матоъҳои пахтагӣ истеҳсол мекунем ва то ҳол аз сифати маҳсулоти мо ягон шикояте қабул нагаштааст".
Аз маҳсулотҳои озуқаворӣ то маҳлулҳои антисептикӣ
Дар робита бо пандемияи коронавирус қисми зиёди соҳибкорони дунё ва аз ҷумла, корхонаҳои саноати хӯрокаи Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ гузаштанд.
"Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ корхонаҳои озуқавории кишвар, аз ҷумла ҶДММ "ММК" дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ" Сахо ва К" дар шаҳри Гулистон ва ҶДММ "ММД" ва "СИНО 2013" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар корхонаҳо барои истеҳсоли воситаҳои гигиенӣ ва антисептикӣ вобаста гардиданд», - хабар доданд дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.. Қисми зиёди антисептикҳоро ширкати "Сиёма" истеҳсол мекунад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии санитарӣ ва эпидемиологии кишвар тадбирҳои заруриро андегида истодаанд.
Дар давраи мубориза бо коронавирус, ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору низ фаъоличти худро афзоиш доданд. То ҳол дар кишвар беш аз 30 ширкат бо истеҳсоли 250 намуд дору фаъолият мекунанд, аз ҷумла: ширкатҳои "Фарм Суғд", "Тиб барои шумо", "Ориё-Суранг-Медикал", "Шаҳром-2010", "Фармико", "Ясмина-асал", "ММД", "Авиценна", корхонаи "Вежа Фармасевтикал" ва дигарон, ки ҳар яке аз 8 то 80 намуди доруро истеҳсол мекунанд. Инчунин, дар ҷумҳурӣ тақрибан 2500 дорухона мавҷуданд, ки айни авҷи фаъолияти онҳо мебошад. “Мизоҷони зиёд муроҷиат менамоянд ва мо маҷбур мешавем, ки то охири шаб кор кунем. Даромади фурӯш ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Албатта ин ҳол барои мо хуб аст, аммо беҳтар мешавад, ки коронавирус ҳарчи зудтар бартараф шавад”, қайд намуд як фурӯшандаи дорухонаи шаҳри Душанбе.
Ниқобҳо ҳамчун санъат
Пас аз паҳншавии коронавирус тарроҳоне пайдо шуданд, ки барои ҳифзи аҳолӣ аз сирояти COVID-19 ниқобҳоро бо тарҳи эҷоди худ истеҳсол намуданд. Дар яке аз марказҳои савдои Душанбе дар баробари маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ метавон ниқобҳои муҳофизатиро бо ороиши матоъи адрас пайдо намуд, ки ин тамоюли замонавӣ зидди коронавирус мебошад.
Навовар - Михаил Пенков якбора якчанд намудҳои ниқобҳои ғайриоддиро дӯхт, ки онҳо натанҳо аз сирояти коронавирус муҳофизат мекунанд, балки ҳангоми бо либосҳои миллӣ ба бар кардан, ба назар бениҳоят хуб менамоянд.
Пенков ба ВАО-и Тоҷикистон гуфт, ки идеяи дӯхтани як дастаи ниқобҳои адрасӣ дар корхонаи дӯзандагиаш худ аз худ ба сараш омадааст, яъне тақозои замон аст. Ба гуфтаи ӯ, арзиши як ниқоб ҳамагӣ 20 сомон аст. Ниқобҳои мазкур натанҳо аз сирояти COVID-19 муҳофизат менамоянд, балки аз ҷиҳати ҳусни зебоӣ бениҳоят намуди ҷолиб доранд.
Ниқоб матоъи пахтагӣ сохта шудааст. Матоъ бо ду қабат дока пӯшида шудааст, ки ба воридшавии бактерияҳо монеъ мешавад. Рангорангии матоъ бошад, воҳимаву даҳшатро аз дили мардум мебардорад.
Пенков иқрор шуд, ки ҳатто тасаввур накардааст, ки замоне чунин намдуи ниқобҳоро истеҳсол менамояд.
Хонаи мӯди Хуршед Сатторов ба ҳар як муштарӣ бепул ниқобҳоро бо сабки ороишоти миллӣ пешниҳод менамояд. Хуршед Сатторов ниқобҳоро дар вақтҳои холигии худ аз боқимондаҳои матоъҳо дӯхта, ниқобҳои зиёдатиро дар кӯча ба роҳгузарон медиҳад.
Сатторов танҳо бо матоъҳои анъанавии миллӣ кор мекунад, ки бо гулдӯзиҳои миллӣ ва ороишоти маҳаллӣ оро дода шудаанд. Маҳз ниқобҳоро аз ҳамин гуна матоъҳо тайёр менамояд. Ҳар як ниқоб бо гуногунрангии гулдӯзиҳои миллӣ беназир буда, ба гуфтаи ӯ ҳатто ду ниқоби якхеларо пайдо кардан номумкин аст.
“Умуман, ниқобҳои зебои мазкурро ба хотири болида намудани табъи мардум тақсим менамоем, то онҳо ҳамеша хушбин бошанд. Фикр мекунам, ки зебогӣ дунёро наҷот медиҳад” - гуфт тарроҳ.
Манбаъ: www.time.tj