Мулоқоти Раиси КДСАД ҶТ бо Ширкати “Hexing Electrical Co., Ltd.”
- 23.08.2018
- Дида шуд 1
Санаи 3 июни соли 2018 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати “Hexing Electrical Co., Ltd.”- Ҷумҳурии Халқии Хитой сурат гирифт. Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Ширкати “Hexing Electrical Co., Ltd.”- Ҷумҳурии Халқии Хитой лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти насби ҳисобкунакҳои барқии дар шакли электронӣ ва таъмини инфрасохтор он ҳамчун лоиҳаи пилотӣ дар шаҳри Норак муаррифӣ гардид. Ҳамчунин Раиси Кумита ҷиҳати баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи мазку ба масъулини лоиҳаи дастур доданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин асонокии техникии лоиҳаи мазкур омода када шуда,
масъалаҳои вобаста ба шакли пешниҳоди созишномаи ҳамкорӣ дида баромада шавад. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Ширкати мазкур санаи 23 апрели соли ҷорӣ дар толори КВД “Тоҷинвест” бо и.в. Директори генералии КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷавоҳирлал Музаффарӣ низ вохӯрӣ баргузор намуда буд. Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз љониби и.в. Директори генералии Корхона оид ба имкониятњои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид. Ҳамзамон, ҷониби Ширкати “Hexing Electrical Co., Ltd.” ҷиҳати амалӣ гардонии лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти насби ҳисобкунакҳои барқии дар шакли электронӣ ва таъмини инфрасохтор дар ин самт ибрози ҳавасмандӣ намуд. Дар заминаи вохӯрӣ ва мубадилаи малумот, ки тӯли зиёда аз як сол байни КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Hexing Electrical Co., Ltd.” - и Ҷумҳурии Халқии Хитой сурат гирифта буд, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳумро оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Бояд қайд намуд, ки Ширкати мазкур аз таҷрибаи фаъолияти қабли худ дар вилояти Суғд истифода бурда, ҷиҳати барассии масаълаҳои техникии лоиҳаи мазкур бо роҳбарияти ШСХК “Барқи тоҷик” низ пайваста мулоқот намудаанд Ҳамзамон, дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур и.в. Директори генералӣ Корхона Ҷавоҳирлал Музаффарӣ, дар рафти сафари навбатии худ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифта буд, бо роҳбариати ширкати мазкур мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот масалаҳои амали гардонидани лоиҳаи насби ҳисобкунакҳо барқӣ ҳамчун лоиҳаи пилотӣ дар шаҳри Норак бо тариқи ВОТ баррасӣ гардида, пешниҳод гардид, ки нимаи аввали моҳи июли соли 2018 ҷиҳати таҳияи лоиҳаи сармоягузорӣ ва мулоқоту муррифии он дар назди Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.