Форуми байналмилалии сармоягузории Помиринвест -2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

  • 09.08.2019
  • Дида шуд 1

Image Description

Дар асо­си дас­ту­ру су­поришҳои Асо­гузо­ри сулҳу Ваҳда­ти миллӣ, Пеш­вои мил­лат, Пре­зиден­ти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳта­рам Эмо­малӣ Раҳмон са­наи 6 ав­густи со­ли 2019 дар шаҳри Хо­руғи Ви­ло­яти Мух­то­ри Куҳис­то­ни Ба­дах­шон аз ҷони­би Ку­митаи дав­ла­тии сар­мо­ягу­зорӣ ва идо­раи ам­во­ли дав­латӣ ва мақомо­ти иҷро­ияи ҳоки­ми­яти дав­ла­тии Ви­ло­яти Мух­то­ри Куҳис­то­ни Ба­дах­шон Фо­руми бай­нал­ми­лалии сар­мо­ягу­зории По­мирин­вест - 2019 бар­гу­зор шуд.

Дар Фо­руми маз­кур беш аз 150 на­фар иш­ти­рокчӣ аз ҷум­ла роҳба­рону масъ­уло­ни мақомо­ти дав­латӣ, сар­мо­ягу­зорон аз И­ёло­ти Мут­таҳидаи Ам­ри­ко, Ка­нада, Ол­мон, Ҷумҳурии Ис­ло­мии По­кис­тон, Ҷумҳурии Ҳин­дустон ва Ҷумҳурии Халқии Хи­той, до­ираҳои соҳиб­ко­рии шаҳри Ду­шан­бе, Ви­ло­яти Мух­то­ри Куҳис­то­ни Ба­дах­шон, ви­ло­ятҳои Суғду Хат­лон иш­ти­рок на­муданд.

Дар қис­ма­ти рас­мии Фо­рум Ра­иси Ви­ло­яти Мух­то­ри Куҳис­то­ни Ба­дах­шон Ёд­гор Фай­зов, му­ови­ни Ра­иси Ку­митаи дав­ла­тии сар­мо­ягу­зорӣ ва идо­раи ам­во­ли дав­латӣ Аҳмад­зо­да Ор­зу Ҳусейн, му­ови­ни Ва­зири мо­лия Гул­му­род­зо­да Ка­рим, му­ови­ни Ра­иси Ку­митаи руш­ди сайёҳӣ Амон­зо­да Ши­рин, роҳба­ри на­мо­ян­да­гии Таш­ки­лоти Оғохон о­ид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қози­дав­лат Қо­им­до­дов ва ди­рек­то­ри ге­нера­лии шир­ка­ти “По­мирэ­нерҷӣ” Да­лер Ҷумъ­а­ев бо су­хани иф­ти­тоҳӣ ба­ромад на­муда, аз ҷони­би му­ови­ни ди­рек­то­ри ге­нера­лии “Тоҷин­вест” – наз­ди Ку­митаи дав­ла­тии сар­мо­ягу­зорӣ ва идо­раи ам­во­ли дав­латӣ Ҷавоҳир­лаъл Му­заф­фарӣ пор­та­ли сар­мо­ягу­зорӣ ва соҳиб­ко­рии В2В му­ар­рифӣ кар­да шуд.

Зим­ни ба­рома­ди худ Ра­иси Ви­ло­яти Мух­то­ри Куҳис­то­ни Ба­дах­шон диққати ҳози­рин­ро ба им­ко­ни­ятҳои сар­мо­ягу­зорӣ дар ви­ло­ят ҷалб на­муда, о­ид ба самтҳо ва им­ко­ни­ятҳои мавҷудаи ҳам­корӣ ва ҳал­ли муш­ки­лоти во­бас­та ба пеш­бурди фаъ­оли­яти сар­мо­ягу­зорию соҳиб­корӣ дар ви­ло­ят иб­ро­зи ақида на­муд.

Му­ови­ни Ра­иси Ку­митаи дав­ла­тии сар­мо­ягу­зорӣ ва идо­раи ам­во­ли дав­латӣ Аҳмад­зо­да Ор­зу Ҳусейн до­ир ба тад­бирҳои ан­де­шидаи Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар сам­ти беҳтар­гардо­нида­ни фа­зои сар­мо­ягу­зорию соҳиб­корӣ, ин­чу­нин самтҳои о­ян­да­дори ҳам­корӣ су­хан­ронӣ гар­дид.

Ҳам­за­мон дар до­ираи чо­рабинӣ на­мо­иш­гоҳи мо­лу маҳсу­лот бар­гу­зор кар­да шу­да, на­вори ви­до­ии им­ко­ни­ятҳои сар­мо­ягу­зории Ви­ло­яти Мух­то­ри Куҳис­то­ни Ба­дах­шон ба на­мо­иш гу­зош­та шуд.

Си­пас чо­рабинӣ дар се па­нели алоҳида дар мавзӯҳои “Роҳҳо ва усулҳои так­ми­ли си­ёса­ти дав­латӣ дар сам­ти сар­мо­ягу­зори­ву соҳиб­корӣ дар ВМКБ”, “Мин­тақаҳои озо­ди иқти­содӣ ҳам­чун оми­ли суръ­ат­бахши са­но­ати­куно­нии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон” ва “Им­ко­ни­ятҳои руш­ди соҳиб­корӣ дар бах­ши сайёҳӣ ва ҷал­би сар­моя ба ин­фра­сох­то­ри сайёҳӣ” идо­ма на­муд.

Дар до­ираи му­лоқоти В2В соҳиб­ко­рон бо соҳиб­ко­рон им­ко­ни­ятҳои ба роҳ мон­да­ни ҳам­корӣ мав­ри­ди бар­ра­сии ҷонибҳо қарор ги­рифт. Аз на­тиҷаи бар­гу­зории му­лоқоту во­хуриҳои мус­тақими соҳиб­ко­рону сар­мо­ягу­зорон ба­им­зо­расо­нии як қатор са­надҳои ҳам­корӣ ба нақша ги­риф­та шу­да­аст.

Мав­ри­ди зикр аст, ки дар до­ираи бар­гу­зории Фо­руми бай­нал­ми­лалии сар­мо­ягу­зории По­мирин­вест – 2019 рӯзҳои 7–8 ав­густ бар­гу­зории як қатор чо­раби­ниҳои ди­гар, аз ҷум­ла ши­носоӣ бо им­ко­ни­ятҳои сайёҳии ви­ло­ят, боз­дид аз кор­хо­наҳои ис­теҳсолӣ ва ди­гар чо­раби­ниҳои мар­бут ба му­ар­ри­фии им­ко­ни­ятҳои сар­мо­ягу­зорию соҳиб­корӣ дар Ви­ло­яти Мух­то­ри Куҳис­то­ни Ба­дах­шон ба нақша ги­риф­та шу­да­аст.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд