Тиҷорати Тоҷикистон бар зидди пандемия: кӯмак мерасонем ва вазъияти осоиштаро нигоҳ медорем

  • 18.06.2020
  • Дида шуд 1

Image Description

Дар ҳоле, ки би­сёр кор­хо­наҳои киш­вар би­нобар оқибатҳои пан­де­ми­яи ко­рона­вирус дар ҷаҳон ва чо­раҳои маҳдуд­ку­нан­да дар Тоҷикис­тон ба муш­ки­лотҳо ду­чор ме­шаванд, даҳҳо шир­катҳои ҷумҳурӣ фаъ­оли­яти худ­ро ба сам­ти нав - ис­теҳсо­ли ниқобҳои тиббӣ, ли­босҳои мах­сус, маҳлулҳои ан­ти­сеп­тикӣ ва ди­гар маҳсу­лотҳои муҳофи­затӣ ра­вона кар­данд.

Ин ҳолат аз як та­раф ба киш­вар дар рафъи но­расо­ии во­ситаҳои муҳофи­затӣ кӯмак ме­кунад ва аз та­рафи ди­гар ба кор­хо­наҳо им­кон ме­диҳад, ки дар дав­раи душ­вор фаъ­оли­яти худ­ро пеш ба­ранд.


Ниқобҳои "Дар Тоҷикис­тон омо­дашу­да"

Тибқи тав­сияҳои Ва­зора­ти тан­ду­рус­тии ҷумҳурӣ со­кино­ни киш­вар ба пӯши­дани ниқобҳои тиббӣ ва ис­ти­фодаи маҳлулҳои ан­ти­сеп­тикӣ шурӯъ кар­данд. Дар на­тиҷа та­лабот ба ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои ан­ти­сеп­тикӣ, ин­чу­нин манъи во­ридо­ти во­ситаҳои муҳофи­затӣ аз ҷони­би киш­варҳои во­рид­ку­нан­да ба но­расо­ии ниқобҳо ва ан­ти­сеп­тикҳо дар до­рухо­наҳо ва бо­лора­вии ар­зи­ши онҳо овар­да ра­сони­данд.

Пас аз қай­ди ҳолатҳои бо бе­мории ко­рона­вирус алоқаманд дар киш­вар, за­рура­ти ба тав­ри ом­мавӣ ба даст овар­да­ни во­ситаҳои мах­су­си муҳофи­затӣ ба ми­ён омад. Дар ин дав­раи душ­вор, би­сёр кор­хо­наҳои ҷумҳурӣ тас­мим ги­риф­танд, ки ба рафъи кам­бу­диҳои маз­кур ба киш­вар кӯмак ме­расо­нанд ва ба ин ва­сила қатъ гар­ди­дани фаъ­оли­яти худ­ро пеш­гирӣ ме­намо­янд.

Имрӯз ниқобҳои тиб­бии маҳал­ли­ро дар ҳама гу­на до­рухо­наҳои киш­вар ха­ридан мум­кин аст. Зи­ёда аз даҳ кор­хо­наи ка­лон ва хур­ди дӯзан­дагӣ дар Тоҷикис­тон ко­милан ба ис­теҳсо­ли ниқобҳо гу­заш­танд, чун­ки ниқобҳои аз хо­риҷа во­рид­гашта ал­ла­кай ав­ва­ли моҳи март ба фурӯш раф­танд. Аз ин хо­тир, та­лабот ба ниқобҳои до­хилӣ зи­ёд шуд. Ай­ни за­мон як қатор кор­хо­наҳои Тоҷикис­тон ҳамарӯза до­рухо­наҳои киш­варро тақри­бан бо 100 ҳазор ниқобҳои тиббӣ таъ­мин ме­намо­янд.


Яке аз бу­зур­гта­рин ис­теҳсол­ку­нан­да­гони ниқоб шир­ка­ти "Фарм Текс" маҳсуб ме­ёбад, ки дар ви­ло­яти Хат­лон ҷой­гир аст. Дар ав­ва­ли моҳи ап­рел, Сар­ва­зири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қоҳир Ра­сул­зо­да ба шир­ка­ти маз­кур таш­риф овар­да, самтҳои руш­дро дар ин самт муқар­рар кард. Дар ҷара­ёни боз­дид Ра­сул­зо­да ба роҳба­ри­яти ИП дас­тур дод, ки ис­теҳсо­ли ниқобҳоро гус­та­риш диҳанд ва си­фати маҳсу­лоти ис­теҳсол­шу­даро беҳтар на­мо­янд. Вай қайд кард, ки ин ҳолат ба­рои пеш­ги­рии си­ро­яти ко­рона­вирус за­рур аст. Ба сар­ва­зир ит­ти­лоъ до­да шуд, ки имрӯзҳо "Фарм Текс" ҳар рӯз беш аз 25,000 ниқоб­ро ис­теҳсол ме­кунад. Ди­рек­то­ри иҷро­ияи ИП - Му­борак­шо Ка­та­ев, иб­роз кард, ки шир­кат ба­рои зи­ёд кар­да­ни шу­мораи маҳсу­лот ва тав­се­аи иқти­дори ис­теҳсолӣ то 40 ҳазор ниқоб дар як рӯз, до­рои им­ко­ни­ятҳои за­рурӣ ме­бошад.


Шир­ка­ти "Фарм Текс" дар Хат­лон

Дар ба­роба­ри шир­ка­ти "Фарм Текс" шир­ка­ти "Фарм Суғд" низ нақши муҳим до­рад. Ис­теҳсол­ку­нан­даи маҳсу­лотҳои дӯзан­да­гии "Тоҷтекс" ба ис­теҳсо­ли ниқобҳо машғул аст. Дар кор­хо­наи маз­кур 200 на­фар кор­манд ко­ру фаъ­оли­ят ме­намо­янд. Дар ай­ни за­мон, шир­кат ҳар рӯз 10 ҳазор ниқобҳои тиб­би­ро ис­теҳсол ме­кунад, ки ба стан­дартҳои бай­нал­ми­лалии си­фат ҷавобгӯ ме­бошанд.

ҶДММ «Нас­соҷии Тоҷик» ва ҶДММ «Нас­соҷии Хуҷанд» ли­босҳои тиббӣ, рӯйпӯшҳо ва кӯрпаҳо аз ма­тоъҳои пах­та­гин ис­теҳсол ме­кунанд. ҶСК «Гу­лис­тон Ду­шан­бе» ба дӯхта­ни ли­босҳои мах­су­си тиббӣ оғоз кард. ҶДММ «Си­фат Са­но­ат» бо­шад хал­таҳои тиб­би­ро ис­теҳсол ме­кунад.

Кор­хо­наҳои "Тоҷик­тек­стил" ва "Гу­лис­тон Ду­шан­бе" пас аз пошхӯрии Ит­тиҳоди Шӯравӣ муш­ки­лиҳоро па­си сар кар­данд. Кор­хо­наи "Тоҷик­тек­стил"дар як моҳ беш аз 40 ҳазор ниқоб ва як­чанд ҳазор ли­боси мах­су­си муҳофи­зати­ро ис­теҳсол ме­кунад.

Кор­хо­наи "Гу­лис­тон Ду­шан­бе" 170 на­фар кор­мандо­ни худ­ро бар­гардонд. Имрӯз шир­кат зи­ёда аз 60 ҳазор ниқоб ва зи­ёда аз 22 ҳазор ли­боси мах­су­си муҳофи­зати­ро ис­теҳсол кар­да­аст.

Бо мақса­ди таъ­ми­ни ам­ни­яти са­нитарӣ ва эпи­деми­оло­гии аҳо­оии киш­вар ҶДММ "Фар­мекс" ис­теҳсо­ли до­ка ва ги­ги­енаи шахсӣ ба роҳ мон­да шу­да­аст.

Кор­хо­наи дӯзан­да­гии "Ёқут-2000" ба ис­теҳсо­ли ли­босҳои мах­сус ва ни­зомӣ машғул аст. Дар вазъ­и­яти си­ро­яти ко­рона­вирус ба­рои зи­ёда аз 300 кор­манди худ ниқобҳои тиб­би­ро ис­теҳсол кард. Кор­хо­наи маз­кур чу­нин ха­бар дод: «Чан­де пеш аз Ва­зора­ти му­дофиа ба­рои дӯхта­ни 40 ҳазор ниқоб фар­мо­иш ги­риф­тем. Мо маҳсу­лот­ро аз ма­тоъҳои пах­тагӣ ис­теҳсол ме­кунем ва то ҳол аз си­фати маҳсу­лоти мо ягон ши­ко­яте қабул на­гаш­та­аст".


Аз маҳсу­лотҳои озуқаворӣ то маҳлулҳои ан­ти­сеп­тикӣ

Дар ро­бита бо пан­де­ми­яи ко­рона­вирус қис­ми зи­ёди соҳиб­ко­рони ду­нё ва аз ҷум­ла, кор­хо­наҳои са­но­ати хӯро­каи Тоҷикис­тон ба ис­теҳсо­ли маҳлулҳои ан­ти­сеп­тикӣ гу­заш­танд.

"Бо мақса­ди пеш­ги­рии бе­мориҳои си­ро­ятӣ кор­хо­наҳои озуқаво­рии киш­вар, аз ҷум­ла ҶДММ "ММК" дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ" Са­хо ва К" дар шаҳри Гу­лис­тон ва ҶДММ "ММД" ва "СИ­НО 2013" дар ноҳи­яи Рӯдакӣ ва ди­гар кор­хо­наҳо ба­рои ис­теҳсо­ли во­ситаҳои ги­ги­енӣ ва ан­ти­сеп­тикӣ во­бас­та гар­ди­данд», - ха­бар до­данд дар Ва­зора­ти са­но­ат ва тех­но­логияҳои на­ви Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.. Қис­ми зи­ёди ан­ти­сеп­тикҳоро шир­ка­ти "Си­ёма" ис­теҳсол ме­кунад.

Ва­зора­ти са­но­ат ва тех­но­логияҳои на­ви Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қайд кард, ки дар якҷо­ягӣ бо Ва­зора­ти тан­ду­рустӣ ва ҳиф­зи иҷти­мо­ии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба­рои таъ­ми­ни бе­хата­рии са­нитарӣ ва эпи­деми­оло­гии киш­вар тад­бирҳои за­рури­ро ан­де­гида ис­то­да­анд.


Дар дав­раи му­бори­за бо ко­рона­вирус, шир­катҳои ис­теҳсол­ку­нан­даи до­ру низ фаъ­олич­ти худ­ро аф­зо­иш до­данд. То ҳол дар киш­вар беш аз 30 шир­кат бо ис­теҳсо­ли 250 на­муд до­ру фаъ­оли­ят ме­кунанд, аз ҷум­ла: шир­катҳои "Фарм Суғд", "Тиб ба­рои шу­мо", "Ориё-Су­ранг-Ме­дикал", "Шаҳром-2010", "Фар­ми­ко", "Яс­ми­на-асал", "ММД", "Ави­цен­на", кор­хо­наи "Ве­жа Фар­ма­сев­ти­кал" ва ди­гарон, ки ҳар яке аз 8 то 80 на­муди до­руро ис­теҳсол ме­кунанд. Ин­чу­нин, дар ҷумҳурӣ тақри­бан 2500 до­рухо­на мавҷуданд, ки ай­ни авҷи фаъ­оли­яти онҳо ме­бошад. “Ми­зоҷони зи­ёд му­роҷи­ат ме­намо­янд ва мо маҷбур ме­шавем, ки то охи­ри шаб кор ку­нем. Да­рома­ди фурӯш ба тав­ри на­зар­рас аф­зо­иш ёф­та­аст. Ал­батта ин ҳол ба­рои мо хуб аст, ам­мо беҳтар ме­шавад, ки ко­рона­вирус ҳар­чи зуд­тар бар­та­раф ша­вад”, қайд на­муд як фурӯшан­даи до­рухо­наи шаҳри Ду­шан­бе.


 Ниқобҳо ҳам­чун санъ­ат

Пас аз паҳнша­вии ко­рона­вирус тар­роҳоне пай­до шу­данд, ки ба­рои ҳиф­зи аҳолӣ аз си­ро­яти COVID-19 ниқобҳоро бо тарҳи эҷоди худ ис­теҳсол на­муданд. Дар яке аз мар­казҳои сав­дои Ду­шан­бе дар ба­роба­ри маҳсу­лотҳои ҳунарҳои мар­думӣ ме­тавон ниқобҳои муҳофи­зати­ро бо оро­иши ма­тоъи ад­рас пай­до на­муд, ки ин та­мо­юли за­монавӣ зид­ди ко­рона­вирус ме­бошад.

На­вовар - Ми­ха­ил Пен­ков як­бо­ра як­чанд на­мудҳои ниқобҳои ғай­ри­од­ди­ро дӯхт, ки онҳо на­танҳо аз си­ро­яти ко­рона­вирус муҳофи­зат ме­кунанд, бал­ки ҳан­го­ми бо ли­босҳои миллӣ ба бар кар­дан, ба на­зар бе­ниҳо­ят хуб ме­намо­янд.

Пен­ков ба ВАО-и Тоҷикис­тон гуфт, ки иде­яи дӯхта­ни як дас­таи ниқобҳои ад­расӣ дар кор­хо­наи дӯзан­да­ги­аш худ аз худ ба са­раш ома­да­аст, яъ­не тақозои за­мон аст. Ба гуф­таи ӯ, ар­зи­ши як ниқоб ҳамагӣ 20 со­мон аст. Ниқобҳои маз­кур на­танҳо аз си­ро­яти COVID-19 муҳофи­зат ме­намо­янд, бал­ки аз ҷиҳати ҳус­ни зе­боӣ бе­ниҳо­ят на­муди ҷолиб до­ранд. 

Ниқоб ма­тоъи пах­тагӣ сох­та шу­да­аст. Ма­тоъ бо ду қабат до­ка пӯши­да шу­да­аст, ки ба во­рид­ша­вии бак­те­рияҳо мо­неъ ме­шавад. Ран­го­ран­гии ма­тоъ бо­шад, воҳима­ву даҳшат­ро аз ди­ли мар­дум ме­бар­до­рад.

Пен­ков иқрор шуд, ки ҳат­то та­сав­вур на­кар­да­аст, ки за­моне чу­нин нам­дуи ниқобҳоро ис­теҳсол ме­намо­яд.


Хо­наи мӯди Хур­шед Сат­то­ров ба ҳар як муш­тарӣ бе­пул ниқобҳоро бо саб­ки оро­ишо­ти миллӣ пеш­ниҳод ме­намо­яд. Хур­шед Сат­то­ров ниқобҳоро дар вақтҳои хо­лигии худ аз боқимон­даҳои ма­тоъҳо дӯхта, ниқобҳои зи­ёда­тиро дар кӯча ба роҳгу­зарон ме­диҳад.

Сат­то­ров танҳо бо ма­тоъҳои анъ­ана­вии миллӣ кор ме­кунад, ки бо гулдӯзиҳои миллӣ ва оро­ишо­ти маҳаллӣ оро до­да шу­да­анд. Маҳз ниқобҳоро аз ҳамин гу­на ма­тоъҳо тай­ёр ме­намо­яд. Ҳар як ниқоб бо гу­ногун­рангии гулдӯзиҳои миллӣ бе­назир бу­да, ба гуф­таи ӯ ҳат­то ду ниқоби як­хе­ларо пай­до кар­дан но­мум­кин аст.

“Уму­ман, ниқобҳои зе­бои маз­курро ба хо­тири бо­лида на­муда­ни табъи мар­дум тақсим ме­намо­ем, то онҳо ҳаме­ша хуш­бин бо­шанд. Фикр ме­кунам, ки зе­богӣ ду­нёро наҷот ме­диҳад” - гуфт тар­роҳ.


Ман­баъ: www.time.tj

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд