Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»

  • 01.12.2018
  • Дида шуд 1

Image Description

Мин­тақаи озо­ди иқти­содии “Иш­ко­шим” дар асо­си Қону­ни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон “Дар бо­раи мин­тақаҳои озо­ди иқти­содӣ” №700 аз 25 мар­ти со­ли 2011 бо қаро­ри Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон №1545 аз 29 ян­ва­ри со­ли 2010 ҳам­чун қитъ­аи алоҳидаи (маҳду­ди) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ҳуду­ди аниқ муқар­раргар­ди­да таъ­сис ёф­та, дар он ба­рои фаъ­оли­яти соҳиб­корӣ ва сар­мо­ягу­зорӣ ша­ро­ити им­ти­ёз­но­ки иқти­содӣ ва ни­зоми мах­су­си иқти­содӣ муҳайё кар­да шу­да­аст.На­муди МОИ «Иш­ко­шим» - Ис­теҳсо­лию тиҷоратӣ бу­да ба муҳла­ти 50 сол таш­кил шу­да­аст.

Ни­зом­но­маи мин­тақаҳои озо­ди иқти­содии «Иш­ко­шим» бо қаро­ри Маҷли­си на­мо­ян­да­гони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон №2010 ва №1545 аз 20.01.2010 тас­диқ гар­ди­данд.

МОИ Иш­ко­шим дар чор­раҳаи се­дав­лат Чин(Қошғар) – Тоҷикис­тон (Иш­ко­шим) –Афғонис­тон (Фай­зо­бод) – Қирғизис­тон (Ош) мав­кеъ ги­риф­та­аст ва дар о­ян­да ба­рои соҳаи соҳиб­ко­рии ин дав­латҳо ме­таво­над ҳам­чун мар­ка­зи ҳамоҳан­гсо­зи хиз­мат на­мо­яд. Аз ҳам­ко­ри бо МОИ Иш­ко­шим соҳиб­ко­рони ҳар ду соҳили да­рёи Панҷ Ба­дах­шо­ни Тоҷикис­тон ва Ба­дах­шо­ни Афғонис­тон фо­ида хоҳанд дид. Чу­нон­чи ҳози­рин вақт та­моми мо­лу маҳсу­лот та­вас­су­ти По­кис­тон дас­тарси Афғонис­тон ме­гар­дад, ки ин роҳ ка­риб як моҳро дар бар ме­гирад. Та­вас­су­ти Иш­ко­шим бо­шад ин роҳ ба­маро­тиб ку­тоҳ ме­гар­дад. Аз сарҳади Чин то МОИ Иш­ко­шим ҳама­ги 2 руз роҳро дар бар ме­гирад.

Ноҳи­яи Иш­ко­шим яке аз ноҳияҳои кӯҳис­тон ва дур­дас­тта­рини Ви­ло­яти Мух­то­ри Кӯҳис­то­ни Ба­дах­шон ба ҳисоб раф­та, бо ху­суси­ятҳои хо­си худ аз ди­гар мин­тақаҳои киш­вар ба куллӣ фарқ ме­кунад. Ноҳия яке аз мин­тақаҳои зе­бота­рини Тоҷикис­тон маҳсуб ёф­та, бо та­би­ати ас­ро­ран­гез, чаш­маҳои гар­му ши­фобахш дар ҷумҳурӣ машҳур гар­ди­да­аст.

Мавҷуд бу­дани бу­зур­гта­рин чаш­маҳои гарм ва чаш­маҳои ми­нералӣ аз қабилӣ: Гар­мчаш­ма, Би­би Фо­тимаи Зӯҳро,Сист, Бар­шор, Авҷ, Удит, Дар­шай, Ям­чун, Вранг, Шир­гин, Зонг ва ғай­ра диққати беш­та­ри сайёҳон­ро ба худ ҷалб на­муда, ба­рои руш­ди соҳаи сайёҳӣ дар мин­тақа за­минаи воқеъӣ ме­гузо­рад. Солҳои охир ба ин­фра­сох­то­ри соҳаи сайёҳии ноҳия диққати мах­сус до­да шу­да, он ба яке аз мар­казҳои руш­дёфтаи ҷумҳури­явии соҳаи ту­риз­ми та­боба­тиву фа­роғатӣ таб­дил ёф­та ис­то­да­аст. Ин­чу­нин, дар қалам­ра­ви ноҳия аз кан­да­ниҳои фо­ида­нок сангҳои қим­матбаҳо (яке аз машҳур­та­рин ко­ни “Куҳи Лаъл”, ки дар он сан­ги ки­мат­баҳои “Лаъл“(Бла­город­ный Шпи­нел) ис­тихроҷ ме­шавад дар ноҳи­яи Иш­ко­шим ҷой­гир аст) ва оро­ишию сох­тмонӣ, за­хираи зи­ёди сан­ги мар­мар мавҷуд ме­бошад, ки ба­рои ҷал­би сар­мо­яи до­хилию хо­риҷӣ ва дар ин за­мина таш­кил на­муда­ни ҷойҳои на­ви корӣ му­со­идат ме­намо­яд.

Со­монаи расмӣ:
http://ifezt.com

Те­лефон:
+992 93-555-22-77

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд