Иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар 6-ум Форуми ҳамкориҳои Чин ва Осиёи Марказӣ

  • 12.12.2018
  • Дида шуд

Image Description

12 декабри соли 2018 дар шаҳри Янгҷоуи музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври шашуми Форуми ҳамкориҳои Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини Сарвазир Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд.

Дар ҳошияи иштирок дар Форуми мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ Ван Чэн, роҳбарияти музофоти Ҷиансу ва роҳбарияти шаҳри Янгҷоу доир гардиданд.

Дар рафти суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум ва дар вохӯриҳои дуҷониба ҳолати ҳозира ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Бо изҳори қаноатмандӣ робитаҳои фаъол дар сатҳи олӣ ва дигар сатҳҳо ва сатҳи баланди эътибори сиёсии мутақобила миёни Тоыикистон ва Чин қайд гардида, мавзӯъҳои таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг муҳокима шуданд.

Бо истифода аз имконияти мазкур ҳайати Тоҷикистон дар доираи Форум фазои сармоягузориро дар ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварро тавассути презентатсияи пурмуҳтаво муаррифӣ намуд. Презентатсияи номбурдаро Директори генералии КВД “Тоҷинвест” Ҷаворҳирлал Музаффарӣ гузаронданд.

Ҳамчунин бо мақсади истиқрори муносибатҳои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои шаҳри Янгҷоу Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд. 

Оид ба натиҷаҳои Форум ташаббуси Янгҷоу маъқул дониста шуд, ки истиқрори ҳамкориҳо ва табодули сайёҳиро байни шаҳрҳои Янгҷоу ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ менамояд. Ин иқдом дар қатори 20 шаҳрҳои ҳамкорӣ панҷ шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, Кулоб, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтарро дар бар мегирад.

Мувофиқа ба даст омад, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Фестивали байналмилалӣ оид ба сайёҳии иқтисодӣ ва тиҷоратии «Фейерверк-март» моҳи апрели соли 2019 Намоиши фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои пешсафи маҳаллӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин аз ҷойҳои шоёни диққати фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Янгҷоу дидан намуд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд