Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон

  • 23.08.2018
  • Дида шуд

Image Description

Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 16 августи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи “Интернешнл Ҳотел Тошканд” - и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (International hotel Tashkent) Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Форуми соҳибкоронро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Отаҷонов Нодир Собирович ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир гузаронидани чунин чорабиниҳо ба ҳукми анъана даромада, диққати соҳибкорони давлатҳои гуногунро ба худ ҷалб менамояд, зеро барои кушодани имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобиланд судманд мусоидат менамоянд.

Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 400 ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаи андоз ва хадамоти гумрук, кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Икромов Адҳам Илҳомивич ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба рушди савдо, саноат ва муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ сухан намуданд.

Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муовини вазири савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сайфназаров Соҳиб Исмоилович ва Директори генералии “КВД Тоҷинвест” – и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирлал Музаффарӣ тавассути рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд.

Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ зиёда аз 50 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 150 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуданд. Соли ҷорӣ маротибаи панҷум аст, ки доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоишҳои муштаракро гузаронида, дар доираи он зиёда аз 200 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 900 млн. доллари ИМА ба имзо расониданд. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Узбекистон зиёда аз ду маротиба афзоиш ёфтааст. Иштирокчиёни Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо, ки ба имзорасонии созишномаҳо ва шартномаҳо равона гардида, фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд