Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

  • 01.12.2018
  • Дида шуд

Image Description

Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” №700 аз 25.03.2011 ва бо қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1545 аз 29 октябри соли 2008 тасдиқ шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар вилояти Хатлони ноҳияи Қумсангири Панҷи Поён соли 2008 ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраргардида таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст.

Намуди МОИ “Панҷ” комплексӣ буда, ба муҳлати 25 сол (тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”то 49 сол) дар масоҳати 401,6 гектар ташкил шудааст.

Яке аз мақсадҳои асосии таъсиси МОИ «Панҷ» ин афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, беҳтар кардани сифати идоракунӣ, таъмини самараноки истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва фаъолгардонии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва минтақаҳо мебошад.

Ҳадафи умуми иқтисодӣ – ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ ва технологияи муосир, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ, истифодаи нерӯи корӣ, захираҳои табии ва афзун намудани иқтидори иқтисодии кишвар мебошад.

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ яке аз шартҳои асосӣ дар интихоби макони мусоид барои оғози бизнес аст. Барои корхонаҳое, ки маҳсулоташон ба содирот равона мешавад, МОИ “Панҷ” макони мусоид мебошад. Шабакаи рушдкардаи нақлиётии ноҳия барои содирот ва тиҷорат бо кишварҳои хориҷии дуру наздик имконияти васеъ эҷод мекунад.

Шоҳроҳи байналмиллалӣ бевосита аз назди даромадгоҳи асосии МОИ “Панҷ” мегузарад.

http://fezpanj.tj 

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд