Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Женева

  • 09.06.2019
  • Дида шуд 1

Image Description

Санаи 7-уми июни соли 2019 дар бинои Палатаи байналмилаии савдо дар ш.Женева имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар чорабинии болозикр Директори генералии КВД “Тоҷинвест” муҳтарам Хуршед Мирзо ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ҷамшед Ҳомидов ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ, инчунин роҳбарони ширкатҳои соҳаҳои мухталифи муқими Швейтсария, аз ҷумла муовини директори Палатаи байналмилаии савдо дар ш.Женева Жан-Пол Периат, Директори ширкати “ДК Менеҷмент” Давид Грабер, Директори барномаи омӯзиши тиҷорат барои занон Татяна Кнолл, муовини президенти Шурои палатаи савдои кишварҳои Швейтсария ва ИМД Марина Вербитская, Директори ширкати молиявии “Ла Фонтаин Финанс СА” Йеу Чо ва дигарон иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ Директори КВД “Тоҷинвест” аз дастовардҳои замони истиқлолият, имкониятҳо ва фазои хубӣ сармоягузорӣ ба ҳозирин гузориш таҳия намуд. Ҳамзамон ба ҳозирин брошураҳо ва маҷалаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳо пешкаш гардид.
Дар натиҷа, намояндагони ширкатҳо ҳавасмандии хешро барои шиносоӣ ва пайдо намудани шарикони нав, омодагии худро ҷиҳати сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.  

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд