Вохӯрии директори КВД "Тоҷинвест" бо Роҳбари Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон

  • 23.08.2018
  • Дида шуд 1

Image Description

Санаи 19 майи соли 2018 Директори генералии КВД “Тоҷинвест” бо Роҳбари Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон ҷаноби Абдул Самад Сайди ва Президенти Ghawsi Brothers Marble Stone Co. ҷаноби Алҳаҷ Торялай Ғафси вохӯрӣ намуд.

Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон, тақвияти ҳамкориҳои КВД “Тоҷинвест” бо Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон ва ширкати Ghawsi Brothers Marble Stone Co. мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд қайд намуд, ки Абдул Самад Сайди ва Алҳаҷ Торялай Ғафси барои иштирок дар Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус бо иштироки Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон даъват шуда буданд. Аммо бо сабабҳои мушкилиҳои гирифтани раводид ба Тоҷикистон дар чорабинии болозикр ширкат карда натавонистанд.

Роҳбари Палатаи саноат ва маъдани Афғонистон ҷаноби Абдул Самад Сайди ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои сеҷониба байни КВД “Тоҷинвест”, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус ва Палатаи саноат ва конҳои Афғонистон ва ба ин васила ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум иброз намуд.

Дар рафти вохӯрӣ Президенти Ghawsi Brothers Marble Stone Co. Алҳаҷ Торялай Ғафси ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ бо КВД “Тоҷинвест” дар соҳаи саноати кӯҳӣ иброз намуд. Ширкати мазкур дар соҳаи истеҳсоли санги мармар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз ширкатҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад. Соли 2002 аз ҷониби Алҳаҷ Торялай Ғафси таъсис дода шудааст.

Фаъолияти он ба истеҳсоли санги мармар, санги сулаймонӣ (оникс) ва сангҳои ороишӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва мутахасисони таҷрибадор равона карда шудааст. Истеъмолкунандагони асосии Ghawsi Brothers Marble Stone Co. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Итолиё, Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб маҳсуб меёбанд.

© Business to Business, 2019. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд